СОХТОР ВА МӮҲТАВОИ МАСНАВИҲОИ ИБНИ ЯМИНИ ФАРЮМАДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (30.Тоҷибоев Ш.Ғ..pdf)Тоҷибоев Ш.Ғ.СОХТОР ВА МӮҲТАВОИ МАСНАВИҲОИ ИБНИ ЯМИНИ ФАРЮМАДӢ42

 


МУАЛЛИФ: Тоҷибоев  Шарифҷон  Ғайбуллоевич, н.и.ф., дотсенти  кафедраи  адабиёти классикии  тоҷики  МДТ  “ДДХ  ба  номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии сохтор ва мундариҷаи маснавиҳои Ибни Ямини Фарюмадӣ ихтисос ёфтааст. Таъкид гардидааст, ки Ибни Ямин дар баробари қитъасароӣ дар маснавӣ низ дасти тавоно доштааст.  Маснавиҳои Ибни Ямин аз нигоҳи  ҳаҷм ба гурӯҳи маснавиҳои  хеле кӯтоҳи адабиёти форсу тоҷик дохил шуда, аз 3 то 293 байтро фаро мегиранд. Онҳо  аз назари мавзӯву мундариҷа ва вазн низ гуногун буда, асосан дар мавзӯоти ирфонӣ,  ишқи илоҳӣ(“Маҷлисафрӯз”), панду  андарз суруда шудаанд. Навпардозии Ибни Ямин  дар маснависароӣ бештар дар “Корнома” –и ӯ зоҳир мешавад, ки он ҳам аз нигоҳи сохтор, муҳтаво ва нақли ғазал дар таркиби маснавӣ қобили таваҷҷӯҳ аст. Баъзе аз маснавиҳои шоир(«Чаҳор панди Анӯшервон», «Анӯшервон ва мӯбадон»), дар пайравии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ навишта шудаанд. Маснавиҳои Ибни Ямин монанди дигар ашъори ӯ равон ва орӣ аз такаллуфу фазлфурӯшӣ буда, ба сабки хуросонӣ наздик буда, дар густариши ҷараёни умумии маснависароии форсу тоҷик  дар асри  XIV таъсир гузоштаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маснавӣ, Ибни Ямин, “Корнома”, “Маҷлисафрӯз”, ирфон, ишқ, сохтор, мундариҷа