Рӯйхат 2023
МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ТАСҲЕҲИ ЧАНД БАЙТИ МАТНШИНОСИИ ОСОРИ САЙИДО
МУАЛЛИФ: Саидов Саидумрон Ғаниҷонович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола сухан дар бораи тасҳеҳи чанд байти шоири садаи ХVII Сайидои Насафӣ меравад.Қайд мешавад, ки омӯзиши кулли девонҳои то имрӯз интишоршудаи Сайидои Насафӣ тақозо менамояд, ки нусхаи ҷадиди илмиву интиқодии куллиёти шоир дар заминаи нусхаҳои қаламии дастрас ва сарчашмаҳои мӯътамади илмиву адабӣ аз қабили тазкираҳо, кутуби таърихӣ ва монанди инҳо таҳия гардад. Зеро нусхаҳои илмӣ-омавии осори Сайидо,ки имрӯз дастраси умум мебошанд аз тасҳифу нуқсон холӣ нестанд. Собит мешавад, ки навтарин нусхаи девони Сайидо, ки панҷ сол қабл мунташир шудааст, ба тасҳеҳу танқеҳ ва муқоисаву муқобала бо мутуни нусхаҳои қаламӣ ё ба асл наздик ниёз дорад. Муаллиф чанд ғалату хатоҳои абёти Сайидо, ки дар нашри соли 2017-и девони ашъори шоир фароҳам омадаанд, ошкор сохта, онҳоро тасҳеҳ намуда, бар он таъкид менамояд, ки имрӯз замони чопи нусхаҳои илмӣ-интиқодии куллиёти шоир, дар асоси дастовардҳои нави илми матншиносӣ ва фановариҳои нав , фароҳам омадааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Сайидо, матн, тасҳеҳ,байт, девон, матншиносӣ