СИМОИ АНӮШЕРВОН ДАР “ҶАНГ БО ФОРСҲО”-И ПРОКОПИЙ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (28.Юлдошев А.Қ.pdf)Юлдошев А.Қ.СИМОИ АНӮШЕРВОН ДАР “ҶАНГ БО ФОРСҲО”-И ПРОКОПИЙ52

 


МУАЛЛИФ: Юлдошев  Абдулло  Қурбонмаматович,  н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти  тоҷики  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола симои Хусрави Қубодон – Анӯшервон дар асари “Ҷанг бо форсҳо”-и  таърихнигори асри VI юнонӣ  Прокопий зодаи Қайсария  ба баррасӣ кашида шудааст. Қайд мешавад, ки меҳанпарасти румӣ Прокопий натавонистааст, ки симои  аслии Анӯшервонро ба таври шоиста ба таҳрир кашад. Масалан, дар муҳорибаҳои Анӯшервон Прокопий тасвир мекунад, ки  мақсади шоҳаншоҳ ғорат кардани ин ё он шаҳр буд. Аммо  бо ин ҳама дар чанд ҷое менависад, ки шоҳаншоҳ дар ҷанг ҳам адолате дошт ва  намегузошт, ки рафтори нораво ба кор бурда шавад. Чунончи, таҷовуз ба номуси занони шаҳре, ки гирифта шудааст. Подоши содир намудани ин рафтор қатл буд. Як хусусияти образи шоҳон дар муҳорибаҳо дар “Шоҳнома”  аз он иборат аст, ки подшоҳони Сосонӣ тақрибан то Ҳурмузди VI бевосита дар ҷанг иштирок мекунанд ва фармондеҳии лашкарро ба ӯҳда мегиранд. Чӣ дар сарчашмаҳои юнонӣ ва чӣ дар “Шоҳнома”-ю сарчашмаҳои арабу мусулмонӣ боз ҳам тақрибан то асри VI дар набардҳо бо Рум лашкари сосонӣ шикаст намехӯрад.  Дар натиҷа Рум ӯҳдадор мешавад, ки ба Сосониён  боҷ супорад.Дар гузориши Прокопий як нуктае мегузарад, ки умуман дар сарчашмаҳо ба назар нарасидааст.Ин ҳам бошад ба писархондагии  ба як подшоҳ супоридани писари подшоҳи дигар.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Рум, Эрон, Прокопий, Юстиниан, Анӯшервон,  усқуф, чӯби дори ҳазрати Исо, Байнаннаҳрайн, Антокия, Ҳалаб, Румия, муҳориба, пирӯзӣ, шикаст