Рӯйхат 2023
ВОБАСТАҲОИ АДАДӢ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ СОИБИ ТАБРЕЗӢ
МУАЛЛИФ: Ӯрунова Мавҷуда Рустамовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола перомуни ҷойгоҳи вобастаҳои ададӣ дар мазмунсозиву маъниофариниҳои Соиби Табрезӣ маълумот дода шудааст. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки маҳорати ин суханвари номиро дар истифодаи шумору ададҳо дар паҳлугардониҳои сухан ба намоиш гузорад. Муаллиф аз баррасиву таҳқиқи мавзӯъ чунин натиҷагирӣ кардааст, ки Мавлоно Соиби Табрезӣ дар корбурди вобастаҳои ададӣ дар шеър маҳорати хосаи хешро ба намоиш гузошта, ба василаи истифодаи шумору аъдод ва арқом маониву мазомини тозаву бикр ва зеҳнрасро пайрезӣ намудааст. Ҳарчанд ин тарзи маъниофариниву мазмунсозӣ дар адабиёти тоҷику форс собиқа дошт, вале дар ашъори ин шоири номвари сабки ҳиндӣ ҷилваҳои тозатаре пайдо кард. Касрати истифодаи арқому аъдод ва дафъатан даст ёфтан дар маъниёбӣ сабабгори он гардид, ки ин усули мазмунсозӣ ҳамчун як вижагии сабки Соиб, аз ҷумла сабки ҳиндӣ арзёбӣ гардад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Соиби Табрезӣ, сабки ҳиндӣ, ғазалиёт, вобастаҳои ададӣ, тарзи нигориш, мазмунсозиву маъниофарӣ, ҳунари суханварӣ