“ПАНЧАКЯНА” – ТАРҶУМАИ ФОРСИИ “ПАНЧАТАНТРА” ВА НАҚШИ ОН ДАР АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (26.Ғаффорова З.А..pdf)Ғаффорова З.А.“ПАНЧАКЯНА” – ТАРҶУМАИ ФОРСИИ “ПАНЧАТАНТРА” ВА НАҚШИ ОН ДАР АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ47

 


МУАЛЛИФ: Fаффорова Замира Абдуллоевна, доктори илмҳои филология,  профессор, мудири шуъбаи пажӯҳиши тамаддуни шарқи Институти улуми ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Fафуров(Тоҷикистон, Хуҷанд )

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола яке аз тарҷумаҳои форсии “Панчатантра” мавсум ба “Панчакяна”, ки ба қалами яке аз адибони маъруфи дарбори Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар (1556-1605) – Мустафо Холиқдод Ҳошимии Аббосӣ (қарни XVII) тааллуқ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. “Панчакяна” аз дигар тарҷумаҳои форсии “Калила ва Димна” бо он афзалият дорад, ки тарҷумаи он аз асли китоби «Панчатантра», аз забони санскрит ба форсӣ сурат гирифтааст.Мутолеаи ин асари гаронмоя ҳақиқати ин амрро шарҳу тафсир мебахшад, ки «Панчатантра» сарчашмаи зуҳури ҳикматҳои ахлоқӣ ва маънавӣ буда, асос ва аркони ахлоқи ҳамидаро ба вуҷуд овардааст. Дар саросари ҳикоёти ҷаззобу рангини «Панчатантра» муҳимтарин равишҳои ахлоқи башарӣ ва расидан ба саодати ҷовидонӣ талқин шудааст, ки файзбардорӣ аз онҳо инсониятро ба роҳи дурусту рост ҳидоят мекунад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Ҳиндустон, “Панчатантра”, “Панчакяна”, Мустафо Холиқдод Ҳошимии Аббосӣ, тарҷумаи форсӣ, тамсил