МУРУРЕ БА ЗИНДАГИНОМА ВА ЭҶОДИЁТИ ҲАБИБ АҲРОРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Исмоилова Д.Ҳ..pdf)Исмоилова Д.Ҳ.МУРУРЕ БА ЗИНДАГИНОМА ВА ЭҶОДИЁТИ ҲАБИБ АҲРОРӢ43

 


МУАЛЛИФ: Исмоилова Дилором Ҳақбердиевна, унвонҷўи кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (Тоҷикистон, Панҷакент)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола  зиндагиномаи Ҳабиб Аҳрорӣ таҳқиқ ва арзёбӣ шуда, вежагиҳои ҳаёт ва эҷодиёти ӯ муайян ва мушаххас гардидааст. Эҷодиёти Ҳабиб Аҳрорӣ ҳамчун тарҷумон, муҳаққиқи  назария ва  таърихи тарҷумаву  ва осори бадеӣ, аз ҷумла ҳикоя, равишҳои асосии инкишофи мактаби тарҷумаи бадеии тоҷик  нишон дода шуда, нақши ин мутарҷим ва нависанда дар ташаккул ва таҳаввули насри муосир муайян мешавад.Дар асоси санадҳои ҳаётӣ ва осори тарҷумавию бадеӣ мушаххас намудани чеҳраи ҳунарии Ҳабиб Аҳрорӣ мубрамии мавзӯъ ва аҳаммияти онро ташкил медиҳад. Мақсади таҳқиқ арзёбии вежагиҳои зиндагиномаи Ҳабиб Аҳрорӣ ва мушаххас намудани равиши ассосии ҷустуҷӯҳои ӯ дар тарҷумаи осори бадеӣ, назарияи тарҷума ва эҷоди ҳикоя, ёддошт ва мақола мебошад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Ҳабиб Аҳрорӣ, зиндагинома, тарҷума, ҳикоя, ёддошт, мақола, иқтибос, забон, мунаққид, осор