Рӯйхат 2023
ҚОНУНҲОИ КИРХГОФ ВА ИСТИФОДАИ ОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУРАККАБИ ЭЛЕКТРОМАГНЕТИЗМ
МУАЛЛИФ: Отаҷонов Сӯҳроб Эргашалиевич, доктори фалсафа (PhD) рӯи ихтисоси 6D071000 маводшиносӣ ва технологияи маводи нав, сармуаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”, Раҳматов Муҳамадӣ Нуридинович, н.и.ф-математика, сармуаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масъалаи истифодаи қонунҳои Кирхгоф дар ҳалли масъалаҳо доир ба занҷирҳои мураккаб баррасӣ шудааст. Қайд мешавад, ки истифодаи қонунҳои Кирхгоф ба донишҷӯ имкони ташаккули мафҳумҳои қонунҳои ҷараёни доимӣ, занҷири электрикӣ ва элементҳои онро медиҳад. Тазаккур меравад, ки омӯхтани истифодаи қонунҳои ҷараёни доимӣ ва қонунҳои Кирхгоф барои ҳисоб кардани занҷирҳои мураккаби электрикӣ, такмил додани маҳорат, пурзӯр намудани фаъолияти маърифатии донишҷӯён тавассути ҳалли масъалаҳо оид ба ҳисоби схемаҳои мураккаби электрикӣ, баланд бардоштани маданияти меҳнати фикрӣ, маҳорати таҳлил кардан, дидани қимати амалии дониши гирифташуда, давом додани ташаккули малакаҳои муошират хизмат мекунад. Нишон дода шудааст, ки қонунҳои Кирхгоф барои занҷирҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ ҳангоми шиддат ва ҷараёнҳои доимӣ ва тағйирёбанда дуруст мебошанд.Қонунҳои Кирхгоф вобастагии байни ҷараён ва шиддатро дар занҷирҳои электрии шохаҳои намудҳои ихтиёрӣ муқаррар мекунанд. Қонунҳои Кирхгоф аз ҷиҳати универсалии худ дар электротехника аҳамияти вижа, зеробархурдоранд барои ҳалли ҳама гуна масъалаҳои электрикӣ муносиб ҳастанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
занҷири электрии шоханок, қонунҳои Кирхгоф, занҷири электрӣ, шоха, нуқтаи гиреҳ қувваи ҷараён, шиддат, қувваи электроҳаракатдиҳанда (ҚЭҲ), усули Крамер