Рӯйхат 2023
НАҚШИ МУАЛЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ТАҲСИЛОТИ ТЕХНОЛОГИИ ХОНАНДАГОН
МУАЛЛИФ: Усмонов Акмалҷон Акбарҷонович, сармуаллими кафедраи электроникаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Масъалаи омодагии муаллими фанни технология дар шароити имрӯзаи таҳсилот яке аз самтҳои муҳим маҳсуб меёбад. Дар мақола нақши муаллими фанни технология (таълими меҳнат) дар ҳалли мушкилоти таҳсилоти технологии хонандагон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф қайд мекунад, ки ҷанбаҳои асосии ин фаъолияти муаллими фанни технология аз ҳадаф, мундариҷа, ташхис, истифодаи методҳои муосир, робитаи мутақобала ва ҳавасмандкунанда арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ мазмун ва мундариҷаи таълими технологӣ қисми муҳими тайёрӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. Дар мақола ҷанбаҳои асосии фаъолияти омӯзгор, вазифаҳои ӯ дар татбиқи равандҳои таълиму тарбия, омилҳои асосии самаранокии ташкил фаъолияти педагогӣ дар самти таълими технологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ гардидаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муаллим, технология, таълими меҳнат, метод, омодагӣ, фаъолият