ТАҲЛИЛИ АСОСҲОИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ХОНАНДАГОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (24.Шохолиқзода Ш.Ш..pdf)Шохолиқзода Ш.Ш.ТАҲЛИЛИ АСОСҲОИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ХОНАНДАГОН52

 


МУАЛЛИФ: Шохоликзода Шахбози Шорозиқ, унвонҷӯт касфедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола асосҳои тарбия ва маърифати ҳуқуқии хонандагон таҳлил шудааст.Таъкид мешавад, ки фурӯпошии бунёнҳои иҷтимоӣ, қолабҳо, бӯҳрони сиёсат ва иқтисод боиси табақабандии ҷомеа шудааст. Ишора мешавад, ки вазъияти нопойдори иҷтимоӣ манбаи каҷравӣ, вайроншавии шуур ва донишҳои ҳуқуқӣ буда, дар ин ҷо, пеш аз ҳама, насли наврас зарар мебинад.Ба ақидаи муаллиф, барои коҳиши мавҷи ҷиноятҳои ифротӣ, танзим бахшидан ба ҷурму ҷиноёти ифротӣ ва ифротгароӣ дар миёни ҷавонон, лозим аст, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин рафторҳо бояд аз курсии мактаб чораҷӯҳо оғоз шаванд. Ҳар як хонанда бояд на танҳо донишҳои ҳуқуқӣ, мазмун ва принсипҳои он, қоидаҳои ҳуқуқ, асосҳои қонунгузориро аз худ намояд, балки қонуният ва ахлоқи давлати худро, ки таълими онҳо вазифаи аввалиндараҷаи муассисаи таълимӣ мебошад, эҳтиром намояд.Муаллиф менависад, ки  насли наврас наслеест, ки масъулияти амнияти миллӣ ва суботи рушди ҷомеа бар дӯши онҳост. Ҷавонон на танҳо қобилияти зуд вокуниш нишон додан ва мутобиқ шудан ба ангезаҳои беруна доранд, балки инчунин қодиранд ба онҳо таъсир расонанд. Ин аст, ки ба андешаи муаллиф, ба тарбияи ҳуқуқии хонандагон тавассути тадбирҳои дар мақола зикргардида диққати зарурӣ додан лозим аст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маориф, қолаб, ҷиноят, ифротгароӣ, эътиқод, низоъ, ҷаҳонбинӣ, эҳсосот, ҳаёти маънавӣ, эътиқоди динӣ