Рӯйхат 2023
ИМКОНИЯТҲОИ ИНКИШОФИ САЛОҲИЯТИ ГРАММАТИКИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАВАССУТИ МУКОЛАМАИ БАЙНИФАРҲАНГӢ
МУАЛЛИФ: Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна, д.и.п., профессори кафедраи МТ забонҳои хориҷӣ; Ҷумаева Умеда Рабимқуловна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур муаллифон дар асоси омӯзиши масъалаи ташаккули салоҳияти грамматикии донишҷӯён, инчунин ба амалияи таҷрибаи касбии худ такя карда, диққати худро ба ташкили мундариҷаи таълим, ки ба ташаккул ва рушди салоҳияти грамматикии донишҷӯён хизмат мекунад, нигаронидаанд. Мувофиқи фикри онҳо салоҳияти грамматикии омӯзгорони ояндаи забонҳои хориҷиро дар асоси вазъиятию мавзӯӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ (англисӣ ва тоҷикӣ) инкишоф додан мумкин аст.Муаллифон қайд мекунанд, ки барои пайдо намудани вазъиятҳои муоширатие, ки ба ташаккули салоҳияти грамматикии донишҷӯён нигаронида мешаванд, муколамаи байнифарҳангӣ ҳамчун асоси муносибатҳо метавонад барои ноил шудан ба ҳадафи муоширатии таълими забони хориҷӣ нақши асосиро бозад.Дар асоси адабиёти таҳлилшуда муаллифон намунаҳои ҳолатҳои байнифарҳангиро таҳия кардаанд, ки ба фикри онҳо ба инкишофи салоҳияти грамматикии муҳассилин ёрӣ мерасонанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
омӯзгори ояндаи забони хориҷӣ, забони англисӣ, салоҳияти муоширатӣ, салоҳияти грамматикӣ, усули шифоҳӣ, равиши сохторӣ, муколамаи байнифарҳангӣ, вазъият, мавзӯъ, мундариҷаи таълим