Рӯйхат 2023
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТАҲСИЛОТИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
МУАЛЛИФ: Азизов Шерзод Юсуфович, н.и.п., дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари воситаҳои иттилоот (интернет, телевизион ва ғайра) имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Дар мақола оид ба масъалаи таълими фанни технология (таълими меҳнат) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тағйироти вобаста ба мазмуну мундариҷаи он матраҳ гардида, омилҳои зуҳурёбии он мушаххас карда шудааст. Ҳадафи таълифи мақола барои ҷомеаи илми пешниҳод намудани камбудию мувафаққиятҳои низоми нави омӯзиш дар самти таълими фанни технология (таълими меҳнат) ва дурнамои рушди он дар шароити муосир мебошад. Ҷиҳати муайян намудани сатҳи омодагии касбии омӯзгорони фанни технология бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тадқиқот гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар мақола таҳлил ва хулосабардорӣ шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таҳсилот, технология, таълими меҳнат, барномаи таълим, китоби дарсӣ, мундариҷа