ОИД БА МУАММОИ ТАРБИЯИ ЗЕБОИШИНОСӢ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16.Осимова П.Л..pdf)Осимова П.Л.ОИД БА МУАММОИ ТАРБИЯИ ЗЕБОИШИНОСӢ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ51

 


МУАЛЛИФ: Осимова Парвина Абдулатифовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи умумии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола доир ба масъалаи тарбияи зебоишиносии хонандагои синфҳои ибтидоӣ дар дарси меҳнат ва санъати тасвирӣ баҳс менамояд. Қайд мешавад, ки дар барномаи омодагии хатмкунандагон бояд тарбияи зебоишиносӣ дохил карда шавад. Ҳангоми иҷрои ин вазифаи бисёр муҳим зарур аст, сифати таълим ва тарбия баланд бардошта шавад; дараҷаи баланди тадриси ҳар як фанни таълимӣ барои чуқур соҳиб шудани хонандагон ба асосҳои илм, беҳтар гардонидани тарбияи сиёсӣ, меҳнати ва маънавӣ инкишофи зебоишиносӣ  ва ҷисмонии онҳо таъмин карда шавад. Дар алоқамандӣ бо ин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ омўзиши чунин фанҳо: расмкашӣ, суруд, корҳои дастӣ, санъат ва меҳнат, технология (таълими меҳнат) бояд сифатнок гузаронида шаванд.  Дар ин шароит доимо дар хотир доштан лозим аст, ки тарбияи эстетикӣ мақсад не, балки вазифаест, ки ҳалли он шарти зарурии ташаккули шахсияти ҳаматарафа ва баркамол инкишофёфта, инкишофи минбаъдаи асосҳои моддию маънавӣ мебошад. Донишҷӯёни таълимгиранда, ки объекти таълиму тарбия буда, он ҳамчун падидаи махсус, хоси сохтори иҷтимоии ҷомеа бо назардошти синну сол, иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои ҳаёти хонандагон муносибат карданро талаб мекунанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тарбияи эстетикӣ, синфҳои ибтидоӣ, санъат ва меҳнат, шахсият, папйе-маше