Рӯйхат 2023
ТАТБИҚИ ПРИНСИПИ “ҲАМСОЛ БА ҲАМСОЛ” ЗИМНИ ТАШКИЛИ МАШҒУЛИЯТ БО ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Мӯминова Истадҷон Сайфуллоевна, омӯзгори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масъалаи нақши таъсири бевоситаи истифодаи самараноки усулу воситаҳои муосири таълим ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла инсонгароӣ ва демократисозии раванди омӯзишу парвариш насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф бар он аст ақида, ки татбиқи фановариҳои муосири таҳсилот барои ташаккули руҳияи коллективизм, ҳамдигарфаҳмӣ ва маҳорати кори дастаҷамъона метавонад кумак намояд. Тазаккур меравад, ки ташкили фаъолияти таълим тибқи принсипи “ҳамсол ба ҳамсол” (омӯзиши ҳамтоён) имкони ташаккули фардӣ ва гурӯҳии хонандагонро фароҳам оварда, барои вусъати доираи ҷаҳонбинӣ, дарки мӯҳтавои маводи таълим ва равнақи қобилиятнокӣ мусоидат менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таҳсилот, усулҳои фаъоли таълим, ҳамкорӣ, фаъолияти гурӯҳӣ, самаранокӣ, машварат, имконият, принсипи таълим