"ТАЪСИРИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ПАҲЛАВӢ БА АДАБИЁТ ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ МИЛЛӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Афсаҳзод А.А..pdf)Афсаҳзод А.А.ТАЪСИРИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ПАҲЛАВӢ БА АДАБИЁТ ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ МИЛЛӢ42

 


МУАЛЛИФ: Афсаҳзод Аббоси Аълохон, н.и.ф., дотсент кафедраи матбуот ва алоқа бо ҷомеаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон(Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола андарзномаҳои паҳлавӣ ва дараҷаи таъсири онҳо ба фаъолияти эҷодии адибон ва рӯзноманигорони ватанӣ сухан меравад. Тазаккур меравад, ки сарфи назар аз ҳама печу тобҳои таърихӣ, зулм, зӯроварӣ, юғ ва несту нобуд кардани ҳам халқ ва ҳам муқаддасоту арзишҳои ӯ, муяссар шуд моҳияти ахлоқи ҷовидонаи инсонии хешро, ки яке аз рукнҳои боътимоди асоси мероси хаттии аз умқи таърих сарчашмагирандаро ташкил медиҳад, на танҳо нигоҳ дорад, балки ба ворисони худ ба мерос гузошта, намунаи ибрату пайравиву пайгирии аксари мардуми олам созад. Равшан аст, ки аксари ин осори боқимондаро боистӣ аз ду мавқеъ ахлоқиву адабӣ (дидактикӣ) ва забоншиносӣ баррасӣ гардида, дар мавриди таҳқиқи баъзе хасоиси аносири тафаккури бадеӣ мустақиман таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Муаллиф китобҳои давраи паҳлавиро аз рўи тамоюлашон тасниф намуда, махсусияти андарза ва андарзнамҳоро дар мизони таъсир ба меъёрҳои муқарраршудаи ахлоқии ҷомеа ва бахусус фаъолияти эҷодии қалакашони ҷумҳурӣ мустақиман мавриди назар қарор додааст. Таъкид мешавад, ки дар панду андарзҳои бостонӣ ду ҷанбаи маъноӣ - хабар додан (ёдоварӣ ва нишон додан) ва таъйин ё дастур додан умдатан истифода шудааст, ки дар навбати худ хеле ҷолиб ба назар мерасад. Гузашта аз ин, чунон ки таҳлил нишон дод, дар сохтори «андарз (панд)» усулҳои адабӣ фаъолонаву ниҳоят моҳирона истифодаву корбаст шудаанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 адабиёти бостонӣ, мероси фарҳангӣ, катибаҳо, китобҳои паҳлавӣ, андарз, ҳуввияти миллӣ, ахлоқ, фалсафаи амалӣ, ахлоқ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, таърихнигорӣ