"МАСЪАЛАҲОИ МАТНШИНОСИИ ТАРҶУМАИ РУСИИ РОМАНИ «ДОХУНДА»-И С. АЙНӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мурувватиён Ҷ.Ҷ..pdf)Мурувватиён Ҷ.Ҷ.МАСЪАЛАҲОИ МАТНШИНОСИИ ТАРҶУМАИ РУСИИ РОМАНИ «ДОХУНДА»-И С. АЙНӢ48

 


МУАЛЛИФ: Мурувватиён Ҷамила Ҷамол, доктори илми филология, сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаҳои матншиносии тарҷумаи русии романи «Дохунда»-и С.Айнӣ бахшида шудааст. Таъкид мешавад, ки мавзӯи тарҷумаи осори С.Айнӣ ба забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон хеле муҳим буда, дар ин замина пажӯҳишҳои зиёде анҷом дода шудааст, вале то ҳол таҳлили муқоисавии ду тарҷумаи русии «Дохунда»-и С.Айнӣ дар адабиётшиносии тоҷик баррасӣ нашудааст.Гуфта мешавад, ки мавҷудияти теъдоди зиёди тарҷумаҳои ҳамин осори С.Айнӣ, ки дар садаи гузашта ба табъ расидаанд, масъалаи ба истилоҳ касрати тарҷумаро ба миён мегузорад. Мақсади мақола дарк намудани падидаи касрати тарҷума дар мисоли ду тарҷумаи русии романи «Дохунда»-и С.Айнӣ  мебошад, ки солҳои 1956 ва 1971 аз ҷониби тарҷумон, шарқшинос ва намоишноманавис О.Е. Эрберг анҷом ёфтаанд. Вобаста ба ин, таҳлили муқоисавии равишҳои тарҷумони рус барои ҳалли мушкилоте, ки ҳангоми аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонидани ин асар ба вуҷуд меоянд, ба назар мерасад. Тафовути байни ду матни тарҷумаи романи «Дохунда» ошкор шуда, ҳамчунин собит мешавад, ки тарҷумаи осори бадеии аз тоҷики ба русӣ, ки дар садаи бистум сурат гирифтааст, аз руи як меъёр — матни муаллифи тоҷикро ба дарки хонандаи рус мувофиқ кунондан,  сурат гирифтааст.Муаллиф дар ҷараёни таҳлил ба ин натиҷа мерасад, ки касрати тарҷума постулатҳои муайяне дорад, ки дар асоси онҳо романи «Дохунда» тарҷумаи нави онро тақозо мекунад ва муқоисаи тарҷумаҳои гуногун имкони эҷодии тарҷумонро боз мекунад.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 касрати тарҷума, тарҷумаи бадеӣ, адабиёти тоҷик, адабиётшиносии русӣ, илова, ҳазф