"САҲМИ САИДРИЗО АЛИЗОДА ДАР ГУСТАРИШИ МАТБУОТИ ТОҶИКӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мавлонова М.Ҷ., Ҳакимова С.Ҳ..pdf)Мавлонова М.Ч., Хакимова С.Х.САҲМИ САИДРИЗО АЛИЗОДА ДАР ГУСТАРИШИ МАТБУОТИ ТОҶИКӢ42

 


МУАЛЛИФ: Мавлонова Мутриба Ҷӯраевна, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик; ҳакимова  Сурайё ҳасансултоновна, н.и.ф., омўзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Дар мақола саҳми Саидризо Ализода дар ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик баррасӣ шудааст. Қайд мешавад, ки шоир, нависанда, публицист, рӯзноманигор ва мутарҷими боистеъдод Саидризо Ализода дар беҳбуди вазъи иҷтимоии мардуми Бухоро, дар ба низом даровардани соҳаҳои илм ва маориф, ташкили газетаю журналҳо, дар нашри дастуру мақолаҳо, дар инкишофи адабиёт ва тарҷумаи асарҳои бадеии нависандагони барҷастаи хориҷии нимаи аввали асри ХХ саҳми арзанда гузоштааст. Тазаккур меравад, ки Саидризо Ализода фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Самарқанд», ки ба се забон нашр мешуд, оғоз карда, баъдан дар маҷаллаи «Ойина» ва маҷаллаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» фаъолияташро идома додааст.Кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки хидматҳои Саидризо Ализода ба ҳайси сардабири рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бозгӯ шавад, бо ин мақсад маводи шумораҳои 67 ва 73-юми “Шӯълаи инқилоб”, ки аз шуъбаи матбуоти Китобхонаи давлатии Федератсияи Русия ба номи В.И.Ленин дастрас шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.Собит мегардад, ки хидматҳои Саидризо Ализода ба сифати муҳаррири масъули рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» дар барориши ҷарида басо зиёд аст. Муҳаққиқин таъкид кардаанд, ки ӯ қариб ҳамаи маводи манзуршударо таҳрир ва омодаи чоп менамуд. С.Ализода тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона кардааст, ки сифат ва мазмуни баланди маводи рӯзномаро пурра таъмин намояд. Бастани рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» фаъолияти журналистии Саидризо Ализодаро боздошта натавонист, баръакс, марҳалаи нави фаъолияти пурсамари ӯро оғоз намуд.Хулоса мегардад, ки Саидризо Ализода воқеан дар марҳалаҳои хеле душвори сиёсӣ бо як матонату иродат ва устувории хоса дар ташкили рӯзномаву ҷаридаҳои форсиву тоҷикӣ нақши муҳиму сутуданӣ гузоштааст.   "  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Саидризо Ализода, публитсист, маҷалла, рӯзнома, «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик», ғояҳои инқилобӣ, муҳаррири масъул, равшанфикр, вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ