2022 сол
"САҲМИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР ОМӮЗИШИ “МУНТАХАБ-УТ- ТАВОРИХ”-И МУҲАММАД ҲАКИМХОН "
МУАЛЛИФ: Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров (Тоҷикистон,Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола сухан дар бораи саҳми олимони тоҷик дар омӯзиши яке аз сарчашмаҳои нодири таърихӣ-“Мунтахаб-ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон меравад. Мақолаҳои илмӣ ва асарҳои олимони давраи шӯравӣ ва муосири тоҷик, ки доир ба аҳамият ва арзиши илмии асари Муҳаммад Ҳакимхон таҳия намудаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудаанд.Таъкид шудааст, ки дар таҳқиқ ва омӯзиши “Мунтахаб-ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон саҳми олимони давраи шӯравӣ ва муосири тоҷик А. Мухторов, А.Ҷалилов, Ю.Малтсев,У.Каримов, А. Мирзоев, З. Абдулазизова, С. Султон, А. Муродов, Ҷ. Абдукаримов хеле назаррас буда, омӯзиши паҳлӯҳои мухталифи ин сарчашмаи мӯътамади таърихӣ дар замони муосир низ идома дорад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
“Мунтахаб-ут-таворих”, Муҳаммад Ҳакимхон, А. Мухторов, Қӯқанд, Ӯротеппа, Хуҷанд, таърихнигорӣ, адабиётшиносӣ