"АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕҲИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Аюбов А.Р..pdf)Аюбов А. Р.АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕҲИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА60

 


МУАЛЛИФ: Аюбов Абдусалом Рауфович, д.и.т., мудири кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таърихи ворид ва паҳншавии дини масеҳӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки масеҳият яке аз мазҳабҳои қадима буда, дар музофотҳои шарқии империяи Рим пайдо шудааст. Минбаъд вобаста ба шароити таърихӣ ба ҷойҳои дигар, аз ҷумла Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дар бораи паҳншавии мазҳаби номбурда ёдгориҳои бостоншиносӣ, аз қабили биноҳои калисо, дайрҳо, навиштаҷоти динӣ бо забонҳои суғдӣ, суриёнӣ ва туркӣ маълумот медиҳанд. Тазаккур меравад, ки хизмати несторианҳо – пайравони дини масеҳӣ, ки аз империяи Рим ба Эрон омада, минбаъд ба тарафи Осиёи Миёна, Туркистони Шарқӣ, ҳафтрўд ҳаракат кардаанд, дар паҳнкунии таълимоти масеҳӣ калон аст. То омадани арабҳо масеҳиён дар Осиёи Миёна нуфузи калон дошта, калисо ва митрополияи худро дошта, минбаъд аз тарафи онҳо танг карда шуданд. Дайрҳо ба масҷидҳо табдил дода шуданд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 дин, масеҳият, ислом, несторианҳо, дайр, калисо, масҷид, арабҳо