2022 сол
"МАЪЛУМОТИ МУҲАММАДАЛИИ БАЛҶУВОНӢ ОИД БА ВОҚЕАҲОИ МОҲИ МАРТИ СОЛИ 1918 ДАР БУХОРО: МОҶАРОИ КОЛЕСОВ "
МУАЛЛИФ: Халифаев Масъудҷон Мақсудҷонович, муаллими кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола воқеаҳои моҳи марти соли 1918, ки дар Бухоро рух медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси маълумотҳои «Таърихи нофеӣ» ва дигар сарчашмаҳо вазъияти сиёсии Бухороро баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ва барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ таҳлил намудааст. Чунончӣ, чораҷӯиҳои амир Олимхон барои нигоҳ доштани ҳокимияти худ ва мустаҳкам кардани қобилияти мудофиавии мамлакат, робитаи амир бо душманони дохилӣ ва берунии Ҳокимияти Шӯравӣ, тезутундшавии муносибати байни Бухоро ва Туркистони Шуравӣ ва ҳ. таваҷҷӯҳи махсус ба «моҷарои Колесов» ва оқибатҳои фоҷианоки он равона карда шудааст. Дар мақола ахбори Муҳаммадалии Балҷувонӣ бо маълумоти сарчашмаҳои дигари таърихӣ, асарҳои олимон-муаррихон ва мутахассисони таърихи аморати Бухоро, муқоиса, таҳлил ва пурра карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Муҳаммадалии Балҷувонӣ, “Таърихи нофеӣ”, Аморати Бухоро, ҷавонбухориён, Ф. Колесов, амир Олимхон, Низомиддин Урганҷӣ, моҷарои Колесов