"ТАҲҚИҚОТИ ТОЗА ДАР ШИНОХТИ ТАВСИФ ВА РАВИШҲОИ ТАНЗИМИ ФАРҲАНГИ ТАВСИФОТ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Азизов С.С..pdf)Азизов С.С.ТАҲҚИҚОТИ ТОЗА ДАР ШИНОХТИ ТАВСИФ ВА РАВИШҲОИ ТАНЗИМИ ФАРҲАНГИ ТАВСИФОТ39

 


МУАЛЛИФ: Азизов  Сорбон  Садуллоевич,  н.и.ф.,  дотсенти кафедраи  адабиѐти  классикии  тоҷики  МДТ “ДДХ  ба  номи  акад.  Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Тақриз ба баррасии ҳусну қубҳи рисолаи тозаинтишори адабиётшинос Ш.Тоҷибоев “Тавсиф ва масъалаҳои танзими фарҳанги тавсифоти назми классикии форсу тоҷик” ихтисос ёфтааст.Муқарриз зимни баррасиҳои бобу фаслҳои китоби мазкур таъкид намудааст, ки асар дар шинохти тавсиф, дараҷаи омӯзиши он дар адабиётшиносӣ,  пайдоиш ва анвои он, усулҳои истифодаи он, корбасти ин санъати бадеӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ хеле муҳим аст.Тазаккур меравад, ки боби аввал ва сеюми асар бештар ҷанбаи назариявӣ дошта, муаллиф дар онҳо афкори назарияву интиқодии хешро ироа намудааст. Хотирнишон мешавад, ки боби дуюми асар барои таҳқим бахшидани афкори назариявии муаллиф, ки дар боби аввал пешниҳод шудаанд, заминаи хубе фароҳам овардааст. Таъкид мегардад, ки боби сеюми асар дорои аҳамияти зиёди назариявӣ оид ба принсипҳои тадвини фарҳангҳои шеърӣ, хоса фарҳанги тавсифот мебошад.Ҳамчунин муаллифи тақриз дар бораи баъзе камбуду норасиҳои китоб ибрози назар намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тавсиф, “Шоҳнома”, Фирдавсӣ, адабиётшиносӣ, таҳқиқ, фарҳанги тавсиф