"ПЕШГИРИИ ДУ ШӮРИШ ДАР БУХОРО(солҳои 1910-1911)"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Розикзода А.Ш..pdf)Розикзода А.Ш.ПЕШГИРИИ ДУ ШӮРИШ ДАР БУХОРО(солҳои 1910-1911)40

 


МУАЛЛИФ: Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, раиси МД “КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Тоҷикистон, Душанбе) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба вазъияти мураккабу нобасомони Бухорои даҳсолаи аввали асри ХХ, фаъолияти пинҳонии зиддирусии муллоҳои мутаассиб ва омодагии онҳо ба ду шӯриш дар солҳои 1910 ва соли 1911, ки политсия аз он ҷилавгирӣ намудааст, сухан меравад. Қайд мешавад, ки дар охири асри XIX ва бахусус ду даҳсолаи аввали асри XX вазъияти Бухоро аз ҳар ҷиҳат чандон ором набуд. Моҷарои фоҷиабори шиа ва суннӣ вазъи ноороми пойтахтро боз ҳам муташанниҷтар гардонид. Зикр мегардад, ки баъд аз фурӯ нишонидани фоҷиаи  шиа ва суннӣ ва таҳқиқи сабабҳои он ҳукуматдорони мустамликавии Руссия назорати махфиро аз болои худи амир, амалдоронаш, рӯшанфикрон, ҷадидон ва муллоҳои мутаассиб пурзӯр намуд. Хусусан, политсия хеле фаъол гашта, гумоштаҳои худро дар ҳар маҳаллаву гузар ва бозору корвонсароҳо гузошта, ба таври махфӣ аз онҳо маълумоти зарурӣ гирд меовард. Нишон дода мешавад, ки ҳукумати подшоҳии Руссия аз он дар таҳлука афтода буд, ки ҳисси русбадбинӣ дар байни руҳониён рӯ ба афзоиш дошт ва мумкин аст ба як ҳаракати калони зиддирусӣ табдил ёбад ва Афғонистону Туркия низ ба  ҳамроҳ шаванд. Дар натиҷаи бурдани чораҳои  оперативӣ  ба политсияи Россия муяссар гашт, ки аз ду шӯриш дар шаҳри Бухоро, ки руҳониёни мутаассиб ташкил карданӣ буданд, пешгирӣ намояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 ҷадидон, руҳониёни мутаассиб, шиа, суннӣ, генерал-губернатор, Агентии сиёсии Руссия дар Бухоро, политсияи махфӣ, аълам, муфтӣ, шуриш, Туркия, Афғонистон, ҷосусон