"ТАЪСИРИ «РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ» БА НАСРИ ИРФОНИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Наҷотов Ҷ.Н..pdf)Наҷотов Ҷ.Н.ТАЪСИРИ «РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ» БА НАСРИ ИРФОНИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ42

 


МУАЛЛИФ: Наҷотов Ҷамшед Нарзуллоевич, сармуаллим, мудири кафедраи улуми Қуръон  ва ҳадиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола таъсири “Рисолаи Қушайрия” ба осори ирфонӣ ва таҳлили муқоисавии он бо “Кашфу-л-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ баррасӣ гардидааст.  Қайд шудааст, ки яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои осори мансури ирфонии адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ тарҷумаи «Рисолаи қушайрия»-и Абулқосими қушайрӣ ба шумор меравад, ки таъсири назаррасе ба осори ирфонии баъд аз худаш гузоштааст. Нишон дода шудааст, ки “Рисолаи Қушайрия” фарогири муҳимтарин матолиб ва масоили тасаввуфи назарӣ ва амалӣ ба шумор меравад, ки дар байни осори мансури ирфонии адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ нақши муҳим дорад ва ба осори мансури ирфонӣ, аз қабили “Кашфу-л-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ, осори Ғаззолӣ, “Тазкирату-л-авлиё”-и Шайх Аттор ва ғайра таъсир гузоштааст. Маълум аст, ки ҳар асари адабӣ мутассир аз осори пеш аз худ аст, аммо дар баробари ин вобаста ба ҳунару истеъдоди нависанда дар ҳар асар дигаргунӣ ба назар мерасад. “Рисолаи Қушайрӣ” ҳам аз осори пеш аз худ, аз ҷумла сарчашмаҳои арабӣ ба монанди осори Абӯабдурраҳмони Сулламӣ таъсир пазируфтааст. Дар баробари ин ба осори ирфонии баъд аз худаш ҳам таъсири зиёд гузоштааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Абулқосими қушайрӣ, “Рисолаи қушайрия”, ҳуҷвирӣ, “Кашфу-л-маҳҷуб”, муқоиса, таъсирпазирӣ, насри ирфонӣ