"БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА МУСОҲИБАҲОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Раҷабов Б.М..pdf)Раҷабов Б.М.БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА МУСОҲИБАҲОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ46

 


МУАЛЛИФ: Раҷабов Боҳир Мукаммилович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола фарогири  мусоҳибаву муколамаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, суханвари маъруфи нимаи дувуми садаи ХХ устод Лоиқ Шералӣ (1941-2000) буда, дар он масъалаҳои  адабиёт, нақди адабӣ, нақди нависандагӣ, қазияи худшиносиву худогоҳии таърихӣ, тозагии муҳити маънавӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Собит шудааст, ки суҳбатҳои  адибону олимон ва рўзноманигорон бо шоир Лоиқ Шералӣ барои муайян кардани моҳияти замон, масъалаҳои адабиёт ва сайри таҳаввули фаъолияти эҷодии номбурда заминаи мусоид фароҳам меоварад. Умуман мусоҳибаҳои устодони сухан ва ноқидони адаб ба баррасии арзишҳои каломи бадеъ ва нақду сухансанҷӣ кӯмак менамояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Лоиқ Шералӣ, сӯҳбатҳои адабӣ, мусоҳиба, жанр, таърихи матбуот, нақди адабӣ