БАДЕЪИЯТИ АШЪОРИ ҒАНИИ КАШМИРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (9.Ғаффорова З.А..pdf)9.Ғаффорова З.А.БАДЕЪИЯТИ АШЪОРИ ҒАНИИ КАШМИРӢ43

 


МУАЛЛИФ: Ғаффорова Замира Абдуллоевна, доктори илмҳои филология, мудири шуъбаи пажӯҳиши тамаддуни Шарқи Институти улуми ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи aкад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии хусусиятҳои бадеии ашъори суханвари мумтози форсисарои қарни XVII Ҳиндустон – Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ ихтисос ёфтааст. Тазаккур меравад, ки ин шоири нодирагуфтор бо осори гаронмоя, муњассаноти диққату риққати маъонии худ, фикри варзида ва тарзу оҳанг дар равнақи сабки ҳиндӣ хидматҳои шоиста ба сомон расонидааст. Ғании Кашмирӣ дар истифодаи ҳунармандонаи саноеи бадеӣ эҳтимоми зиёд варзида, барои табйини маъноӣ ва лафзӣ пайдо намудани сухани худ аз навъҳои гуногуни он, хоса иҳому тамсил, ташбењу истиора, талмеҳ ва амсоли ин моҳирона корбаст намудааст, ки ҳама нуфузи арзишҳои ҳунарии каломи шоирро ифода мекунанд. Маҳорати Ғанӣ дар истифода аз воситаҳои бадеӣ ва инъикоси воқеъияти атроф арзиши осори шоирро ҳамчун сарчашмаи муҳимми омӯзиши поэтикаи адабиёти асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ тасдиқ мекунад. Тањќиќи амиқи мероси адабии Ғании Кашмирӣ бештару пештар имкон фароњам меорад, ки наќши барљастаи ин суханвари мумтоз дар ташаккули адабиёти форсизабони Њиндустон ва равнақи сабки ҳиндӣ муќаррар карда шавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ, адабиёти форсизабони Ҳиндустон, ҳавзаи адабии Кашмир, асри ХVII , сабки ҳиндӣ, тамсил, иҳом, талмеҳ, ташбеҳ, истиора, ташхис