САҲМИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКУ ФОРС ДАР ТАДҚИҚИ ИЛМИ ФИЗИКА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (8.Иноятов И.Д..pdf)8.Иноятов И.Д.САҲМИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКУ ФОРС ДАР ТАДҚИҚИ ИЛМИ ФИЗИКА38

 


МУАЛЛИФ: Иноятов Ислом Додобоевич, муаллими кафедраи методикаи таълими физикаи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи омўзиши илм ва ҷойгоҳи он дар назди ниёгони тоҷикон баррасӣ гардидааст. Муаллиф бо такя ба маълумоти китоби «Авасто» иброз медорад, ки донишу хирад ва ҷустуҷўи илм ҳамеша дар назди аҷдоди тоҷикон аз даврони қадими таърихӣ мақоми воло доштааст. Зикр мешавад, ки арҷгузорӣ ба илм дар тамоми даврони таърихи миллати тоҷик ба ҳукми анъана даромада, тадқиқи илмҳои дақиқ дар замони давлатдории Сосониёну Сомониён ба авҷи аълои худ расидааст. Аз ин рў, бо дастабандии улум ва ёдоварї аз хидматҳои олимони маъруфи тоҷику форс, ки дар бунёди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт, нуҷум, ҳандаса ва дигар соҳаҳои маърифат нақши муассир гузоштаанд, муаллиф махсус тадқиқоти дар соҳаи фанни физика анҷомдодаи Абўалӣ ибни Сино ва Абўрайҳони Берунӣ мавриди баррасї ќарор медиҳад. Дар мақола талош бар он рафтааст, ки пажўҳишҳои донишмандони тоҷик доир ба шаклу сурат, моҳияту мазмун ва вазифаҳои аксари мафҳумҳои физикӣ бо далелҳои равшан собит карда шуда, вусъати андешаву афкории илмии онон ҳамаҷиҳата маънидод гардад. Маълум мегардад, ки кашфиёту ихтироот ва таълимоти илмии олимони мазкур барои пешрафти илми ҷаҳонӣ заминаҳои боэътимод ва қобили истифода гузошта будааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

табииёт, илмҳои дақиқ, физика, «Авасто», «Байт-ул-ҳикма», Ибни Надим, Абўалӣ ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, магнит, қувваи электрикӣ, гармӣ