ХОРИҚАИ КИНОЯ ДАР НАСРИ С. АЙНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (10.Мурувватиён Ҷ.Ҷ..pdf)10.Мурувватиён Ҷ.Ҷ.ХОРИҚАИ КИНОЯ ДАР НАСРИ С. АЙНӢ36

 


МУАЛЛИФ: Мурувватиён Ҷамила Ҷамол, д.и.ф.,сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола бори аввал оид ба киноя дар насри С. Айнӣ, хосса маводи «Ёддоштҳо»-и ӯ, фикру мулоҳизаҳо баён шудаанд. Муаллифи мақола кинояро чун омили ошкоркунандаи фалсафаи мавқеи ҳаётии Садриддин Айнӣ баррасӣ мекунад. Ба андешаи муаллифи мақола, кинояи С. Айнӣ дар матни бадеӣ лаҳзаҳои гардиши таърих – вақти бархӯрди воқеияти кӯҳнаро бо воқеияти ҷадид инъикос кардааст. Агар дар фарҳанги шарқӣ хориқаи киноя бо тамасхур, танқид, шаккокӣ, инкор марбут бошад, пас дар мақолаи мазкур муаллиф дар таҳлили худ ба таърифи кинояи Суқрот такя мекунад, ки кинояро муродифи таҳқиқи асили фалсафӣ шуморидааст. Ҳадафи кор - дарк намудани гуногунии зуҳуроти киноя дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ аст. Муҳимияти ин кор дар зарурати дарки табиати киноя ҳамчун падидаи дорои ҷанбаҳои зиёде дида мешавад, ки ба фалсафаи мавқеияти зиндагии С. Айнӣ хос аст.Ба ақидаи муҳаққиқ, объекти асосие, ки нависанда мавриди киноя қарор додааст, намояндагони табақаи хоҷагон, ахлоқи онҳо, хусусияти муносибати онҳо ба зиндагӣ ва атрофиёнашон ба шумор меравад. Натиҷаи таҳлили ҳикоёти «Ёддоштҳо» нишон дод, ки Садриддин Айнӣ аз киноя ҳамчун василаи сабкӣ истифода бурдааст, ки инъикоскунандаи муносибати ӯ ба кӯҳна, нав ва оянда аст, дар насри нависанда киноя, чи аз лиҳози эҳсосоти муаллиф ва чи аз лиҳози мавзӯи тасвир гуногуншакл аст. Ба ин тартиб, муаллифи мақола, тавассути ин мақола фарзияеро пешниҳод мекунад, ки мувофиқи он киноя дар матни “Ёддоштҳо” дорои хусусияти фалсафӣ буда, далели он асосан пучии иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин ақида барои тасдиқи он, ки киноя дар “Ёддоштҳо” мавқеи ҷаҳонбинии муаллифи асарро комилан ошкор мекунад, асос хоҳад буд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

киноя, наср, адабиётшиносӣ, “Ёддоштҳо”, мушкилоти эндогамӣ, майл ба таҳсилот, озодии мумтоз, ҷанбаи онтологӣ