АЗ ТАЪРИХИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ СОХТМОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (солҳои 1925-1936)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (2.Исмоилов У.Ш..pdf)Исмоилов У.Ш.АЗ ТАЪРИХИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ СОХТМОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (солҳои 1925-1936)31

 


МУАЛЛИФ: Исмоилов Умедҷон Шаробидинович, докторант (PhD)-и кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи пешрафти соҳаи сохтмон дар Тоҷикистони шимолӣ дар солҳои 1925-1936 бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар давраи мазкур дар соҳаи сохтмон асосан артелҳои “Сохтмончиён” нақши марказиро иҷро мекарданд. Ин гуна артелҳо дар маркази ҳар як ноҳия амал менамуданд. Ҳамчунин пешрафти саноати коркарди масолеҳи сохтмонӣ ва зиёд шудани талабот ба биноҳои маъмурию истиқоматӣ боиси рушди соҳаи сохтмон гардид. Дар мақола сарраввал оид ба заминаҳои таърихию сиёсӣ ва ҳуқуқии ташкилёбии ташкилотҳои соҳаи сохтмон дар мамлакат маълумот дода шуда, дар он қарорҳои КМ ҲК ИҶШС ва ҶШ Тоҷикистон, низомномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиву сиёсӣ тадқиқ шудаанд, ки бевосита барои ташкили артелҳои соҳаи сохтмон заминаи мусоид фароҳам оварда буданд.Ба таърихи омӯзишу таҳқиқи ташкилу фаъолият ва ташаккули артелҳои соҳаи сохтмон хоса артели “Сохтмончиён” – и шаҳри Хуҷанд диққати бештар равона шудааст. Дар асоси маълумоти мавҷуда ба паҳлӯҳои гуногуни масъала рӯшанӣ андохта шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сохтмон, артел, сохтмончиён, қарор, корхона, коргарон, санадҳои ҳуқуқӣ, ҶШС Тоҷикистон