САҲМИ АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ ДАР РУШДИ ШАБАКАҲОИ БОЙГОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (3.Ҷӯраева М.А..pdf)3.Ҷӯраева М.А.САҲМИ АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ ДАР РУШДИ ШАБАКАҲОИ БОЙГОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН36

 


МУАЛЛИФ: Ҷўраева Маҳбуба Амоновна, унвонҷўи кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҳаёт ва фаъолияти арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ, сиёсатмадори бозаковату хирадманд Абдулаҳад Қаҳҳоров, саҳми ў дар рушди бойгонии ҷумҳурӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Ќайд карда мешавад, ки Абдулаҳад Ќаҳҳоров дар тўли фаъолияти меҳнатии худ вазифаҳои пурмасъулиятро бар ўҳда дошт. Аз соли 1973 ба нафаќа баромада, солҳои 1974-1984 вазифаи сардори Сарраёсати бойгонии назди Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба зимма дошт. Абдулаҳад Ќаҳҳоров ҳамчун сарвари идораи Бойгонии марказии давлатӣ тавонист, ки дар як муддати кўтоҳ ҳама бойгониҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва байниидоравиро бо биноҳои наву маводи зарурӣ таҷҳизонад. Саҳми ў дар рушди шабакаҳои бойгонӣ ва ғанӣ гардонидани хазинаи бойгонии ҷумҳурӣ бузург аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

бойгонӣ, бойгонии шахсӣ, хазина, мактуб, архивист, корманди илмӣ