дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

РАВИШИ МАШРӮЪИЯТ БАХШИДАН БА ҚУДРАТИ ХАЛИФАҲОИ АББОСИИ АВВАЛ (ДАР АСОСИ МАВОДИ ХАТТӢ)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (1.Хусенов Ф.Р..pdf)Хусенов Ф.Р.РАВИШИ МАШРӮЪИЯТ БАХШИДАН БА ҚУДРАТИ ХАЛИФАҲОИ АББОСИИ АВВАЛ (ДАР АСОСИ МАВОДИ ХАТТӢ)22

 


МУАЛЛИФ: Ҳусенов Фаррух Раҳимович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муаллиф тартиби қонунигардонии ҳакимияти халифаҳои аввалини Аббосиро дар асоси асарҳои муаррихони арабу мусулмон – Табарӣ, ал-Масъудӣ ва Ибн ал-Асир таҳлил намудааст. Қайд карда шудааст, ки дар хилофати Аббосӣ маросими тоҷгузорӣ мавҷуд набуд. Хилофат ҳукумати динсолор буд ва Аббосиён ҳокимияти худро бо роҳи шаҷаравӣ қонунӣ гардонида, бо ҳамин роҳ ба ҳокимияти хеш ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати динӣ машрӯъият мебахшиданд. Қайд карда мешавад, ки ба халифаи нав аввал намояндагони сулолаи Аббосиён ва дарбориён савганди садоқат ёд мекарданд. Вафот ёфтани халифа ва ба тахт нишастани халифаи нав ба раъият аз ҷониби худи халифа ҳангоми намозгузорӣ дар масҷиди ҷомеъ эълон карда мешуд ва аз раъият савганди садоқат қабул карда мешуд. Ба фикри муаллиф дар музофотҳо низ ба тахт нишастани халифаи нав дар вақти намози ҷумъа эълон карда мешуд ва аз раъияти ҳозиршуда савганди садоқат ба халифаи нав қабул карда мешуд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

қонунигардонии ҳокимият, халифаи Аббасӣ, валиаҳди тоҷу тахт, рамзҳои ҳокимият, қасами вафодорӣ, дарбори халифа