САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ АФСОНАҲОИ ХАЛҚӢ ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Файзиева Ҳ.А..pdf)Файзиева Ҳ.Ф.САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ АФСОНАҲОИ ХАЛҚӢ ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ65

 


МУАЛЛИФ: Файзиева Ҳанифахон Аюбовна, омӯзгори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ  МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба  баррасии масъалаи  самаранокии истифодаи афсонаҳои халқӣ дар раванди тарбияи ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ бахшида шудааст.   Қайд карда мешавад, ки  афсонаҳои халқӣ метавонанд дар марҳилаи омӯзиши забони модарӣ ва адабиёт барои расидан ба ҳадафҳои тарбиявӣ кӯмак расонанд.Зикр мегардад, ки рисолати асосии омӯзгор ин интихоб ва ба роҳ мондани мундариҷаи таълим аз фанни таълимӣ  аст.  Нишон дода мешавад, ки барои ноил шудан ба ҳадафи тарбиявӣ тавассути афсонаҳои халқӣ зарур аст, ки муаллим маводро ба тафаккури шунавандагон то ба дараҷае расонад, ки онҳо воқеияти дар афсона тасвиршударо қабул намоянд, дарк кунанд ва ахлоқи заруриро ба даст оваранд, то ки дониши андухтаро дар ҳаёти оянда истифода баранд. Ба андешаи муаллиф, омӯзгор ҳангоми интихоби афсонаҳо бояд ба сатҳи забонии хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва ин маводи арзишманд барои ташаккули шахсияти ахлоқӣ, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии ӯ, ташаккули инсони бофарҳангро, ки арзишҳои наҷибро аз худ кардааст, мусоидат кунад.Ҳангоми таҷрибаи худ муаллиф афсонаҳои халқиро дар синфҳои 3 ва 4-уми мактаби тоҷик ба кор бурда, боварӣ ҳосил кардааст, ки онҳо дар ҳақиқат дар тарбияи ахлоқии хонандагон яке аз нақшҳои асосиро мебозанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

синфҳои ибтидоӣ, хонандагон, муаллим, афсонаҳои халқӣ, забон ва адабиёти тоҷик, тарбияи ахлоқӣ, сифат, қобилият