дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

"ТАШКИЛИ ТАЪЛИМИ ФАРОГИР БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТ МАҲДУД "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳабибуллоева М.Н..pdf)Ҳабибуллоева М.Н.ТАШКИЛИ ТАЪЛИМИ ФАРОГИР БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТ МАҲДУД16

 


МУАЛЛИФ: Ҳабибуллоева Марҷона Нуруллоевна, докторант(PhD)-и курси дуюми кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола доир ба вазъи амалишавии таълими фарогир (инклюзивӣ) сухан рафта, ҷиҳатҳои мусбат ва натиҷаҳои амалишавии он мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Қайд мешавад, ки фарогирӣ ҳамчун раванди муайян ва вокуниш ба гуногунии ниёзҳои ҳама хонандагон тавассути ширкати бештар дар омӯзиш ва коҳиш додани истисно дар таҳсилот аст. Тадқиқот нишон дод, ки ҳоло танҳо қисми кӯдакони имконияташон маҳдуд самаранок ба корҳои фарогирӣ ҷалб карда шудаанду холос. Бинобар он, педагогонро лозим меояд, ки ҳар чӣ бештар бо ин гурӯҳи кӯдакон ҳамкориро ба роҳ монанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фарогир, таҳсилоти фарогир, нуқсоншиносӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, кӯдакони имконият маҳдуд, таҳсилоти махсус