"РОҶЕЪ БА ВОСИТАҲОИ ИНТИҚОЛИ УНСУРҲОИ МИЛЛИЮ ФАРҲАНГИИ МАТНИ БАДЕӢ (бознигарии андешаҳои назариявӣ) "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Турсунов Ф.М..pdf)Турсунов Ф.М.РОҶЕЪ БА ВОСИТАҲОИ ИНТИҚОЛИ УНСУРҲОИ МИЛЛИЮ ФАРҲАНГИИ МАТНИ БАДЕӢ (бознигарии андешаҳои назариявӣ)44

 


МУАЛЛИФ: Турсунов Фаёзҷон Мелибоевич, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишкадаи техникии алоқа ва информатикаи Донишгоҳи давлатии телекоммуникатсия ва информатикаи Сибир дар минтақаи Урал (Русия, Екатеринбург)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

"Дар мақола масъалаҳои назариявии интиқоли унсурҳои миллию фарҳангии матни бадеӣ баррасӣ шудаанд. Таъкид карда мешавад, ки дар асарҳои бадеӣ хусусияти миллию фарҳангии соҳибзабонон ба таври васеъ ва густурда инъикос меёбанд, ки дар забони бегона бо воситаҳои гуногуни забон баён карда мешаванд. Дар ин робита дар мақола таҳлили воситаҳои интиқоли унсурҳои фарҳангии матни бадеӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд, ки аз ҷониби тарҷумашиносон тавсия дода шудаанд. Дар мақола ҳамчунин ишора меравад, ки воҳидҳои лексикии ифодакунандаи хусусиятҳои миллию фарҳангии мардум гуруҳи барҷастаи воҳидҳои забонро ташкил менамоянд, ки дар тарҷумашиносӣ бо мафҳуми воҳидҳои бемуодил маъруфанд ва таваҷҷуҳи олимони рус ва хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд.   "  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 матни бадеӣ, унсурҳои миллию фарҳангӣ, воҳиди луғавии бемуодил, тарҷумашиносӣ, транскрипсия/транслитератсия, калкка, тарҷумаи наздикмаъно, муродифи функсионалӣ, шарҳи маънӣ, тарҷумаи консептуалӣ