"АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҲАМРОҲШАВИИ ҲИНДУСТОН ВА ПОКИСТОН БА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Назаров А.А.pdf)Назаров А.А.АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҲАМРОҲШАВИИ ҲИНДУСТОН ВА ПОКИСТОН БА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ44

 


МУАЛЛИФ: Назаров Алимардон Абдумансурович, унвонҷўи кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақсади мақолаи мазкур муайян кардани оқибатҳои эҳтимолии тағйироти кунунии Созмони ҳамкории Шанхай (СҳШ) бо ҳамроҳшавии ҳиндустон ва Покистон мебошад. Қайд мешавад, ки таърихи СҳШ-ро шартан ба се давра ҷудо менамоем, ки ҳамроҳшавии ҳиндустон ва Покистонро ба ин созмон чун давраи сеюми таърихи рушди СҳШ меномем. Албата дар асоси моддаи 13-и Оинномаи Созмон, дарҳои СҳШ барои қабули аъзоҳои нав кушода аст. Кишварҳои ба ин созмон дохилшуда ўҳдадор мегарданд мақсад ва принсипҳои Оиннома, шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи фаъолити СҳШ қабул шудаанд, риоя кунанд. ҳиндустон ва Покистон ин Оинномаи Созмонро асос намуда, барои аъзои комилҳуқуқи Созмон гардидан ҳуҷҷатҳои лозимро пешниҳод намуд. Собит мешавад, ки ин давлатҳо аз соли 2005 то 2017 нозирони ин ташкилот буданд ва дар ин давра худро ҳамчун кишварҳои созанда ва умедбахш муаррифи намудаанд. Соли 2017 дар ҳамоише, ки дар Остона (Нур-Султон) баргузор гардид, ҳиндустон ва Покистон ҳама шартҳои пайвастан ба ин созмони байналмилалиро иҷро карда, аъзои комилҳуқуқи СҳШ шуданд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Созмони ҳамкории Шанхай (СҳШ), ҳиндустон, Покистон, иқтисодиёт, коршиносон, комилҳуқуқ, таъмини бехатарӣ, таърих