"ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ ТАЪЛИМӢ ВА ҶАНБАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ТАЪРИХИ МАТЕМАТИКА "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдулакимова Ҷ.А..pdf)Абдулакимова Ҷ.А.ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ ТАЪЛИМӢ ВА ҶАНБАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ТАЪРИХИ МАТЕМАТИКА46

 


МУАЛЛИФ: Абдулакимова  Ҷанатой  Абдурауфовна, н.и.п., дотсенти кафедраи МТМ  ва  ТИ-и МДТ  “ДДХ    ба  номи  акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба нақши методологияи ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён ва ба он эҳтиёҷ доштани омӯзгорон баррасӣ мешавад.  Таъкид шудааст, ки методикаи таълими математика дар низоми  таълим  мавқеи муайян дорад, ки танҳо аз баъзе усулу методологияи педагогика ҳамчун санъати таълим истифода мебарад ва боқӣ таълими он ба донишҳои математикӣ ва мантиқӣ такя мекунад. Дар мақола андеша меравад, ки тавассути методология ва методҳои гуногун бедорсозии шавқу рағбати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба математика ва ҷаҳонбинии умумии онҳо афзун мегардад. Муаллиф таклиф кардааст, ки зиёд намудани шавқи кӯдак ба фанни математика дар синни томактабӣ ба роҳ монда шавад. Дар мақола дар бораи маводи математикӣ, ки таъсири баланд дорад, метавонад барои бедор кардани завқи хонанда барои азхудкунии дониши дигар низ мусоидат кунад. Таъкид шудааст, ки масъалаи ташаккул додани шавқу ҳаваси маърифатии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии педагогӣ ба математика яке аз масъалаҳои муҳими педагогика ва методикаи таълим ба шумор меравад. Математика ҳамчун илми асосӣ ба дигар фанҳо татбиқ гардида, қариб ба ҳамаи донишҳои инсонӣ алоқаманд мебошад. шавқу ҳаваси хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбиро ба математика омӯзгорон ва устодон бедор месозанд. Fайр аз ин, ба ақидаи мо дар ташаккул додани шавқу ҳаваси маърифатии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба математика истифодаи мақолаву адабиёти илмӣ-оммавӣ; таърихӣ-математикӣ; чистонҳо, ребусҳо ва ғайра манфиатовар хоҳад буд. Тибқи андешаи муаллиф масъалаи нақши методика ва методологияи таълими математика дар ташаккул додани шавқу ҳавас ва ташаккули ҷаҳонбинии умумии онҳо дар системаи таълими ин фан – масъалаи мубрами педагогика ва математика ба шумор меравад.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 математика, методология, таълим, илм, маърифат, усули таълим