"САҲМИ ТОҶИКОН ВА ЭРОНИЁН ДАР ИНКИШОФИ ФАРҲАНГИ АРАБӢ-ИСЛОМӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ғаффорова У.А..pdf)Ғаффорова У.А.САҲМИ ТОҶИКОН ВА ЭРОНИЁН ДАР ИНКИШОФИ ФАРҲАНГИ АРАБӢ-ИСЛОМӢ 41

 


МУАЛЛИФ: Ғаффорова Умеда Абдуллоевна, д.и.ф., директори Институти илмӣ-таҳқиқотии улуми ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон,Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи таъсири мутақобилаи фарҳанги эронӣ ва арабӣ, заминаҳои пайдоиши фарҳанги арабӣ-исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки саҳми адибон ва олимони форсизабонро дар инкишофи фарҳанги арабӣ-исломӣ муқаррар намояд. Муаллиф номи олимон ва адибони барҷастаи арабизабони форсу тоҷик, ки дар инкишофи фарҳанги арабӣ-исломӣ саҳми худро гузоштаанд, ба монанди Табарӣ, Ибн Қутайба ад-Динаварӣ, Ҳамза Исфаҳонӣ, Ибн Фақеҳи Ҳамадонӣ, Муҳаммад ибн Закариёи Розӣ, Исҳоқ Мавсилӣ, Абӯ Маъшар Ҷаъфар ибн Муҳаммади Балхӣ, Абунасра Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино, Абӯ Нувос, Башшор ибни Бурд ва дигаронро зикр менамояд. Қайд мешавад, ки дар таҳаввулли фарҳанги арабӣ- исломӣ мавқеи тарҷума аз забони арабӣ ба тоҷикӣ хеле бузург буда, яке аз заминаҳои аслии густариши тамаддуни арабӣ исломӣ гардидааст.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 фарҳанги арабу исломӣ, Эрон, Хуросон, Мовароуннаҳр, Сосониён, Сомониён, Уммавиён, Аббосиён, фарҳанг, адабиёт