2022 сол
"ТАСВИРИ ЧЕҲРАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА БАДЕӢ ДАР “САФАРНОМА”-И НОСИРИ ХУСРАВ "
МУАЛЛИФ: Самиев Ҷумахон Саймуродович, унвонҷӯйи кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар «Сафарнома»-и Носири Хусрав ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Шарқ ба таври кофӣ таҳлил ёфтааст. «Сафарнома» бо хусусияти хоси тасвирофаринӣ ва таъсиргузорӣ қобили аҳамият буда, дар он воқеияти зиндагии замони нависанда ба қалам омадааст. Унвони асар ва бобҳои он баёнгари мавзӯъ буда, аз лиҳози мазмун ба ҳамдигар пайвастагӣ доранд. Аз лиҳози услуб «Сафарнома»-ро яке аз нахустин асарҳои публисистӣ донистаанд. Зимни сафари ҳафтсола Носири Хусрав бо аҳли адабу илми замон низ вохӯрдааст. Дар мақола дар мавриди андешаҳои Носири Хусрав роҷеъ ба ашхоси соҳибандеша, ки нависанда ҳангоми сафар бо онҳо сӯҳбат доштааст ва ё маълумот пайдо кардааст, сухан рафтааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
адабиёт, эҷодиёт, сафарнома, образ, чеҳра, ҳамзамонон