"ТАЗКИРАИ “ЗАНОНИ СУХАНВАР” –И АЛИАКБАР МУШИРИ САЛИМӢ ВА АРЗЁБИИ АШЪОРИ ШОИРОН ДАР ОН "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хасанова Н.А..pdf)Хасанова Н.А.ТАЗКИРАИ “ЗАНОНИ СУХАНВАР” –И АЛИАКБАР МУШИРИ САЛИМӢ ВА АРЗЁБИИ АШЪОРИ ШОИРОН ДАР ОН 38

 


МУАЛЛИФ: Ҳасанова Нигора Алибековна, докторант (PhD)-и кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”  (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқи яке аз тазкираҳои мӯътамади занони  порсигӯй -“Занони суханвар”- и Алиакбар Мушири Салимӣ  бахшида шудааст. Дар мақола  хусусиятҳои тазкира ва  вижагиҳои нақди адабӣ  дар он баррасӣ  гардидааст. Қайд карда мешавад, ки мураттиби тазкира дар асари хеш ҷо-ҷо фикру андеша ва назари худро роҷеъ ба ҳунари шоирии занон иброз намудааст. Таъкид шудааст, ки дар гузиниши ашъори бонувон мураттиб завқи шеърфаҳмии  худро ба намоиш гузоштааст, ки бинобар ин  тазкираи мазкурро метавон гулчине аз ашъори ҳунарӣ ва нағзи форсии нисвон номид.Муаллиф ба хулосае расидааст, ки дар тазкираи мазкур Салимӣ ба хусусиятҳои мавзӯӣ, ҳунари тасвиргарии шоирон ва гоҳе ба сифатҳои шахсии онҳо, мисли донандаи чанд забон будан, хушгӯю ширинкалом будан ва табъи мавзун доштан ишора менамояд. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 занони суханвар, шеър, ҳунари шоирӣ, нақди адабӣ , тазкира, порсигӯй