"УНСУРҲОИ ҲАМГИРОӢ ВА ИРТИБОТИ РЕПОРТАЖИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ БО ЖАНРҲОИ ДИГАРИ ТЕЛЕВИЗИОН "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хамидиён И.И., Рахими К.pdf)Хамидиён И.И.,Рахими К.УНСУРҲОИ ҲАМГИРОӢ ВА ИРТИБОТИ РЕПОРТАЖИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ БО ЖАНРҲОИ ДИГАРИ ТЕЛЕВИЗИОН42

 


МУАЛЛИФ: Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, н.и.ф., дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ; Раҳими Карим, унвонҷӯи кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети режиссура, кино и телевизион Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода(Тоҷикистон,Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба мавзӯи нисбатан нав – ҳамгироӣ ва алоқаи репортажи телевизионӣ бо жанрҳои дигари телевизион дар илми журналистикаи ватанӣ бахшида мешавад. Қайд мешавад, ки репортаж қисми таркиби барномаҳои мукаммали иттилоотӣ буда, доир ба воқеаву рӯйдодҳои актуалӣ, масъалаҳои ҳалталаб ва паҳлӯҳои норӯшани ҷараёноти муҳимми иҷтимоӣ маълумот медиҳад. Зимни таҳлили мавзуъ муаллифон ба хулоса меоянд, ки кормандони телевизиони “ҷаҳоннамо” ва “Душанбе” барои инъикоси воқеияти иҷтимоӣ аз имконоти жанрҳои гуногуни ахборӣ истифода менамоянд. Имконоти жанрӣ бошад, дар ин шабакаҳо яксон нест ва ҳар рӯзноманигор бо диду салиқа ва бардоштҳояш аз нишондоди жанрҳо матлаб омода менамояд. Маъмулан, репортаж ва ҳисобот нисбатан бештар истифода мешаванд. Ба ин маънӣ, репортажро жанри серистеъмол дар шабакаҳои телевизионии кишвар номидан ба воқеият наздик аст. Мусоҳиба метавонад нуктаи назар оид ба як ҳодисаи муайян бошад. Афзалият дар ин бобат он аст, ки манбаи субъективӣ ба тамошобинони телевизион аён мегардад ва тамошобинон фикри худро дар бораи эътимоднокии ин манбаи маълумот тағйир медиҳанд. Дар мақола бо мисолҳои мушаххас ҳамгироии ин жанр бо дигар жанрҳои хабарӣ баррасӣ мегардад. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Тоҷикистон, репортажи телевизионӣ, телевизиони «Душанбе», «ҷаҳоннамо», жанр, анонс, стенд-ап, баррасӣ, унсур, талаботи жанрӣ, ҳамгироӣ