"МЕТОДИКАИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ ФИЗИКАИ МОЛЕКУЛАВӢ ДАР БАРНОМАСОЗИИ КОНСОЛӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мухторов Л.Т..pdf)Мухторов Л.Т.МЕТОДИКАИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ ФИЗИКАИ МОЛЕКУЛАВӢ ДАР БАРНОМАСОЗИИ КОНСОЛӢ44

 


МУАЛЛИФ: Мухторов Лутфулло Тоҳирович, саромўзгори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва фанҳои физика-математикаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш Исфара(Тоҷикистон, Исфара)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола методикаи ҳалли якчанд масъалаҳо аз физикаи молекулавӣ бо истифода аз барномаи консолӣ (замимаи VB2010 Express) пешниҳод шудааст. Хотирнишон мешавад, ки омўзиши падидаҳои физикавӣ ва фароянди онҳо тавассути роёна дар чорчӯби амалии ҳалли масъалаҳо  аз муаммоҳои  мубрами таълими физика дар донишгоҳҳои  омўзгорӣ ба шумор меравад.Камбуди китобҳо, дастурҳои методӣ,тавсияҳои методӣ ба забони тоҷикӣ оид ба истифодаи  забони барномасозии консолӣ ба донишҷў имкон намедиҳад,ки аз имкониятҳои  фарохи таълимии  ин забони нави барномасозӣ  дар ҳалли масъалаҳо аз физика ба таври мукаммал истифода барад. Нишон дода шудааст, ки ҳангоми истифодаи барномаи консолӣ зарурати истифодаи барномаҳои мураккаб аз байн меравад ва вақт сарфа мешавад. Амсилаҳои физикавӣ ва компютерии масъалаҳои пешниҳодшуда сохта шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

барномасозии консолӣ, физикаи молекулавӣ, амсилаи физикӣ, амсилаи компютерӣ, гузарвожа барномавӣ