"ПРОБЛЕМАҲОИ ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАФҲУМҲОИ ФИЗИКӢ ДАР ТАЪЛИМИ ФИЗИКАИ СИНФИ VII "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҷонмаҳмадов И.Т..pdf)Ҷонмаҳмадов И.Т.ПРОБЛЕМАҲОИ ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАФҲУМҲОИ ФИЗИКӢ ДАР ТАЪЛИМИ ФИЗИКАИ СИНФИ VII 34

 


МУАЛЛИФ: Ҷонмаҳмадов Исфандиёр Тешаевич, омӯзгори кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав(Тоҷикистон, Бохтар)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи  баланд бардоштани сифати таълими физика, ки такмили методикаи ташаккули маҷмӯи донишҳои физикиро тақозо менамояд, бахшида шудааст. Тазаккур меравад, ки масъалаи мазкур ҳамон вақт бомуваффақият ҳал карда мешавад, ки агар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ асосҳои назариявии раванди ташаккул додани мафҳумҳои физикиро донанд ва онҳоро татбиқ карда тавонанд.Таъкид мешавад, ки дар раванди таълими физика самаранокии азхудкунии мафҳумҳои асосии физикӣ аз ҷониби хонандагон хеле муҳим аст. Барои аз ҷониби хонандагон самаранок азхуд кардани мафҳумҳои физикӣ, зарур аст, ки омӯзгор раванди дуруст ташаккул додани  ташкил намуда, онро идора карда тавонад. Барои бошуурона идора кардани ин раванд, омӯзгор бояд хусусиятҳои асосии онро донад.  Дар мақола шарҳи бисёри истилоҳи “мафҳум” аз адабиёти психологию педагогӣ оварда шуда, таҳқиқоти муаллифон доир ба методҳои гуногуни ташаккули  мафҳумҳои физикӣ ва дигар фанҳои ба он алоқаманд мавриди таҳлил қарор гирифтааст, инчунин доир ба проблемаи ташаккул додани мафҳумҳои физикӣ хулосаҳо оварда шудаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мафҳуми физикӣ, далелҳои илмӣ, қонунҳои физикӣ, назарияҳо, робитаҳои дохилифаннӣ ва байнифаннӣ, маҳорат ва малака, муносибати босалоҳият, принсипи муттасилӣ,  таҳлил, синтез