"ИСТИФОДАИ УСУЛИ ХУРДТАРИНИ КВАДРАТҲО БАРОИ КОРКАРДИ НАТИҶАҲОИ ЧЕНКУНИИ ФИЗИКӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Раҳматов М.Н., Раҳмонов Б.А..pdf)Раҳматов М.Н.,Раҳмонов Б.А.ИСТИФОДАИ УСУЛИ ХУРДТАРИНИ КВАДРАТҲО БАРОИ КОРКАРДИ НАТИҶАҲОИ ЧЕНКУНИИ ФИЗИКӢ 44

 


МУАЛЛИФ: Раҳматов Муҳамадӣ Нуридинович, oмӯзгори кафедраи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Раҳмонов Беҳзод Акбаралиевич, oмӯзгори кафедраи  анализи математикии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба заминаҳои илмии истифодаи усули хурдтарини квадратҳо дар  коркарди натиҷаҳои ченкунии бевоситаи физикӣ маълумоти дақиқ оварда шудааст. Аз чунин пешниҳод, ки бори аввал сурат мегирад, толибилмон барои ташаккули дониши физикӣ ва математикии худ, омӯзгорон барои пурқувват шудани мотиватсияи омӯзиш дар раванди таълими физикаи таҷрибавӣ ва ҳангоми тадқиқотҳои физикӣ истифода бурда метавонанд. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ дар физика баъзан вақт зарур меояд, ки бузургиҳои физикие, ки вобастагии функсионалӣ доранд, чен карда шавад. Одатан, баъди ченкунихо аз графикхое, ки натиҷаҳои ба таври тачриба бадастовардашуда сохта шудаанд, маълумот дар бораи ходисаи физики гирифта мешавад ва вобастагии байни ду бузургии физикӣ  х ва у дар шакли чадвалҳо  оварда мешавад.Усули хурдтарини квадратҳо яке аз усулҳои таҳлили регрессионӣ барои баҳодиҳии бузургиҳои номаълум аз рӯи натиҷаи ченкунӣ дорои хатоҳои тасодуфӣ мебошад. Усули хурдтарини квадратҳо инчунин барои наздик кардани функсияи додашуда бо дигар функсияҳо (оддӣ) татбиқ карда мешавад ва аксар вақт ҳангоми коркарди натиҷаҳо фоидаовар аст. Вазифаи усули хурдтарини квадратҳо аз интихоби векторе иборат мебошад, ки хатогии натиҷаҳои ченкуниро кам менамояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 усули хурдтарини квадратҳо, коэффитсиенти Стюдент, методи Крамер, алгоритми коркарди натиҷаҳо, хатогиҳо, суммаи тамоюли квадратҳои нуқтаҳои эксперименталӣ