"АФКОРИ АДАБИИ ШУАРОИ АСРҲОИ XVI-XVII "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Маҳмадшоев М.М..pdf)Маҳмадшоев М.М.АФКОРИ АДАБИИ ШУАРОИ АСРҲОИ XVI-XVII44

 


МУАЛЛИФ: Маҳмадшоев    Маҳмадшо    Мирзошоевич, н.и.ф.,дотсенти  кафедраи  адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи  акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола афкори адабӣ дар ашъори шуарои асрҳои XVI-XVII ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Дар заминаи омӯзиши мавзӯъ исбот гардидааст, ки адибони шинохтаи асрҳои мазкури адабиёти тоҷик, ки аз шумори пешсафони замони хеш маҳсуб меёфтанд, аз мавзуниву равонии каломи хеш ифтихор карда, ин маъниро дар ашъорашон ҷо-ҷо ишора кардаанд. Муқаррар гардидааст, ки ғазал ҳамчун маъмултарин жанри адабӣ дар ин даврон низ хусусиятҳои барҷастаи хешро гум накарда, дар эҷодиёти суханварони асрҳои XVI-XVII мавқеи асосиро ишғол намуда, дар он афкори пешқадами суханварони ин давра баррасӣ гардидааст. Дар ҷараёни хулосабарорӣ муаллиф ба натиҷае расидааст, ки як қисмати шоирон агар ба ашъори Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ намуда бошанд, бахши дигар ба шеъри нав ва ё “шеъри тарз” рӯ овардаанд, ки ашъори ҳар ду гурӯҳ  низ аз арзишҳои баланди адабӣ бархурдоранд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳаёти адабӣ, нақд, шоирон, асрҳои  XVI-XVII, ҳавзаҳои адабӣ, жанрҳои адабӣ, осор, истеъдод, адибони шинохта, таърихи адабиёт