"ВИЖАГИҲОИ СОХТОРӢ ВА ҒОЯВИЮ БАДЕИИ “УШШОҚНОМА”-И УБАЙДИ ЗОКОНӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тоҷибоев Ш.Ғ.pdf)Тоҷибоев Ш.Ғ.ВИЖАГИҲОИ СОХТОРӢ ВА ҒОЯВИЮ БАДЕИИ “УШШОҚНОМА”-И УБАЙДИ ЗОКОНӢ42

 


МУАЛЛИФ: Тоҷибоев Шарифҷон Ғайбуллоевич,  н.и.ф.,дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Мақола ба баррасии хусусиятҳои таркибӣ, ғоявӣ ва бадеии маснавии “Ушшоқнома”-и Убайди Зоконӣ ихтисос ёфтааст. Тазаккур меравад, ки “Ушшоқнома” дар қолаби   даҳнома ва ё синомаҳои манзуми  адабиёти форсӣ-тоҷикӣ  навишта шуда, дар он аз тавсифи  ишқ, ҳоли ошиқу маъшуқ, гуфтугӯи байни онҳо, мудохилаи рақибон, беэътибории маъшуқ  ба ошиқ сухан меравад. Аммо бархилофи даҳномаву синомаҳо  дар “Ушшоқнома” номае байни ошиқу маъшуқ  додугирифт намешавад, балки пайғоми онҳоро уқоб ва боди  сабо ба ҳам мерасонанд. Ҳаводису иттифоқоте, ки дар роҳи ишқ байни ошиқ ва маъшуқ рух медиҳад, тавассути  ровӣ, яъне худи Убайд, баён  мешавад. “Ушшоқнома” аз 33 бахш  иборат аст, ки 6 бахши он   дарбаргирандаи ғазал аст. Аз вижагиҳои сохторию навоварии ин манзума дар овардани ғазал ин аст, ки дар  он баробари чор ғазали Убайд,  ду ғазали Ҳумоми Табрезӣ ва чанд абёти Низомии Ганҷав низ ахз шудааст . Дар ҷараёни таҳлили маснавӣ маълум шуд, ки анҷоми маснавӣ ҳам нав аст, яъне маснавӣ ба хонандаи худ паём намедиҳад, ки ошиқу маъшуқ баъди ҳиҷрон ба васли ҳам мерасанд ё на, поёни манзума боз аст. Яке аз вижагиҳои  ҳунари суханпардозии Убайд дар маснавӣ  истифодаи  зиёди санъати таҷнис, тансиқ-ус-сифот ва тарсеъ мебошад. Омӯзиши “Ушшоқнома” нишон медиҳад, ки он дар заминаи навовариҳои шоирони асри ХIV дар  фанни маснависароӣ ба зуҳур омадааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Убайди Зоконӣ,  ” Ушшоқнома”,  маснавии ғиноӣ,  ғазал дар маснавӣ, пайғоми ошиқ ба маъшуқ