"АФКОРИ ҲИКАМӢ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ СОИБИ ТАБРЕЗӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ӯрунова М.Р.pdf)Ӯрунова М.Р.АФКОРИ ҲИКАМӢ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ СОИБИ ТАБРЕЗӢ 49

 


МУАЛЛИФ: Ӯрунова Мавҷуда Рустамовна, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Соиби Табрезӣ аз ҷумлаи суханваронест, ки дар ғазалиёташ перомуни одобу ахлоқ, хосатан, фазилатҳои хисоли ҳамидаву зарари хислатҳои разилаи инсонӣ андешаҳои муфид баён сохтааст. Дар мақола аз хусуси ҷойгоҳи афкори тарбиявиву ахлоқӣ дар ашъори ин суханвари номӣ маълумот дода шудааст. Аз баррасиву таҳқиқи ғазалҳои шоир муаллифи мақола ба чунин натиҷа расидааст, ки ғазалиёти Соиби Табрезӣ саршор аз ақоиду андешаҳои тарбиявиву ахлоқӣ буда, хонандаи хешро аз баҳри беканори амсолу ҳикам файзёб мегардонад. Худи суханвар, ки аз зумраи афроди поктинату равшанзамир, боҳиммату назарбаланд, хайрандешу саховатпеша ва ростқавлу покизарўзгор маҳсуб меёфт, бинобар ин, ашъораш ифодагари ин ҳама фазилатҳои инсонист. Афзудан ҷоиз аст, ки маҳз ҳамин мавзӯоти ашъор ва ҳунари сухангустарии Мавлоно Соиби Табрезӣ ашъори ӯро байни мухлисони шеъраш маҳбуб гардонида, мактаби шеъру ҳунари шоирии варо идомат бахшидааст. Афкору андешаҳои ҳакимонаи ӯ имрӯз низ метавонанд дар хури дарди ҷомеаи рӯ ба ҷаҳонишавӣ овардаистода гарданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Соиби Табрезӣ, ғазалсароӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёт, андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ, мазмунсозиву маъниофарӣ, ҳунари суханварӣ