"МУНДАРИҶА ВА САБКИ РУБОИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Маҳмузода О.Б..pdf)Маҳмудзода О.Б.МУНДАРИҶА ВА САБКИ РУБОИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ37

 


МУАЛЛИФ: Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, н.и.ф., сармуаллими кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ(Тоҷикистон,  Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқу баррасии вижагиҳои мавзуӣ ва сабкии рубоиёти Назирии Нишопурӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар ҷараёни омўзиши хусусиёти рубоиёти шоир муқаррар сохтааст, ки дар ин навъи шеърӣ  суханвар маҳорати ҳунарии хешро муваффақона санҷида муҳимтарин мавзўот, аз ҷумла ишқ, фалсафаи зиндагӣ, шод будан, ба қадри вақт расидан, инсондўстӣ, ғаму шодии гузарони ҷаҳон ва амсоли инро таҷассум кардааст. Баробари ин, дар ҷараёни тафсири ҳолатҳои равонӣ, бозтоби афкори ахлоқӣ, фалсафӣ ва иҷтимоии хеш Назирии Нишопурӣ муҳимтарин хусусиятҳои сабки ҳиндиро дар сурати корбурди ирсоли масал, вобастаҳои ададӣ дар таркибсозӣ, таъбирофаринӣ ва монанди инро истифода намудааст, ки дар ин замина ба ҷойгоҳи хоси вижагиҳои ин сабки адабӣ дар рубоиёти шоир рў ба рў меоем.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

инсондўстӣ, ишқ, фалсафаи зиндагӣ, шод будан, сабки ҳиндӣ, рубоӣ, мавзуъ ва мундариҷа, вобастаҳои ададӣ, тамсил