"ЧАШМАНДОЗЕ БА НАЗАРИЯ ВА РАВИШҲОИ МАРҲАЛАБАНДИИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ НАВ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мирзоюнус М.,Аъзамзод С..pdf)Мирзоюнус М., Аъзамзод С.ЧАШМАНДОЗЕ БА НАЗАРИЯ ВА РАВИШҲОИ МАРҲАЛАБАНДИИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ НАВ46

 


МУАЛЛИФ: Мирзоюнус Матлуба, д.и.ф.,профессор; Аъзамов  Субҳонҷон Баҳромҷонович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи даврабандии адабиёти тоҷикӣ дар замони нав тахсис ёфтааст. Муаллифон тамоми маводи марбут ба ин масъаларо ба доираи таҳқиқ кашида, дастовард ва нақси даврабандиҳои замони муосирро баррасӣ намудаанд. Дар мақола диду фаҳмиши устод С.Айнӣ, адабиётшиносон Х.Мирзозода, И.С.Брагинский, М.Шукуров (М.Шакурӣ), Х.Шарипова, Р.Мусулмонқулов, А.Сайфуллоев, А.Сатторзода, М.Раҷабӣ, Х. Асозода, А.Маҳмадаминов, А.Набавӣ, А.Давронов, ҷ.ҳамроев, И.Бечка, А.Шеърдўст мавриди андеша қарор гирифтаанд. Муаллифон дар поёни мақола пешниҳоди худро оид ба даврабандӣ шарҳ дода, дар канори он зарурати коркарди нави консепсияи ягонаи арзишдоварии адабиёти бадеиро барои таълифи таърихи адабиёти навини тоҷикӣ таъкид намудаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

даврабандӣ, таърихи адабиёти тоҷикӣ, давраи нав, консепсия, фаҳмиши зебоишинохтӣ