"АЗ ТАЪРИХИ ИХТИРОИ СОАТ ВА ҲИСОБИ ВАҚТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ШАРҚИ НАЗДИК (АСРҲОИ IX-XII) "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллозода М.Х..pdf)Абдуллозода М.ХАЗ ТАЪРИХИ ИХТИРОИ СОАТ ВА ҲИСОБИ ВАҚТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ШАРҚИ НАЗДИК (АСРҲОИ IX-XII)40

 


МУАЛЛИФ: Абдуллозода  Мазбут  Хуршедович,  сармуаллими  факултаи  телекоммуникатсия ва  технологияҳои   иттилоотии   МДТ "ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров" (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба таърихи ихтирои соат ва ҳисоби вақт дар Осиёи марказӣ ва Шарқи наздик масъалаи ҳаётан муҳими ба инсоният таалуқ дошта,  то асрҳои миёна диққати даҳҳо олимони давру замонро ба худ ҷалб намуда омадаст, оварда шудааст.  Қайд шудааст, ки бо ташаккул ва инкишофи илми  механика («илми ҳиял») соли 1335 дар Милан аввалин соатҳои механикӣ  сохта шудаанд.Тазаккур меравад, ки  соатҳои ҳозираи механикӣ соли 1657 аз ҷониби Х.Гюгенс сохта шуда, ба сифати танзимаи соат, раққосак истифода шуда буд. Хотирнишон мегардад, ки аслан ду эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими инсон: ҷои худро дар маҳале муайян кардан ва донистани вақт сабаби пайдо гаштани қадимтарин соҳаи  илмҳои дақиқ- нуҷум гардид. Хулоса мешавад, ки  насл ба насл, тӯли даҳсолаю садсолаҳо  одамон мушоҳидаю таҷрибаҳои худро захира намуда, баҳри бо  гузашти вақт муайян кардани қонунияти имконияти ҳисоб кардани фосилаҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медоданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

вақт, соатҳои офтобӣ, гномонҳо, соатҳои оташӣ, соатҳои зангдор, соатҳои обӣ, соатҳои регӣ