ТАТБИҚИ ПРИНСИПИ АЛОҚАМАНДИИ ТАЪЛИМ БО ҲАЁТ ДАР РАВАНДИ ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ДАР ТАҲИЯ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ЧАНДРАСОНАИИ ОМӮЗИШ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (26.Собитов М.Ш..pdf)Собитов М.Ш.ТАТБИҚИ ПРИНСИПИ АЛОҚАМАНДИИ ТАЪЛИМ БО ҲАЁТ ДАР РАВАНДИ ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ДАР ТАҲИЯ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ЧАНДРАСОНАИИ ОМӮЗИШ40

 


МУАЛЛИФ: Собитов Мазбут Шавкатович, н.и.п., сармуаллими кафедраи МТМ ва ИТ-и МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба корбурди асоси робитаи омӯзиш бо ҳаёт дар фароянди омодасозии омӯзгорони оянда дар таҳия ва истифодаи воситаҳои чандрасонаии таълим ихтисос ёфтааст.Таъкид меравад, ки дар шароити иттилоотӣ кардани раванди таълим воситаҳои чандрасонаӣ чун яке аз абзори хеле муҳиму самарабахш ба ҳисоб меравад.Муаллиф барои таҳлилу таҳқиқи ҷараёни тайёр намудани муаллимони оянда дар таҳияву истифодаи он дар ҷараёни таълим корҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ анҷом дод. Вобаста ба ин гурӯҳҳои назоратӣ ва озмоишӣ ташкил карда шуд. Дар гурӯҳи назоратӣ омодасозии омӯзгорони оянда ба истифодаи воситаҳои таълим тавассути технология ва усулии муқаррарии таълим роҳандозӣ гардид. Ҳамагӣ дар озмоиш 150 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок намуданд. Дар гурӯҳи озмоишӣ омодасозии омӯзгорони оянда ба таҳия ва истифодаи воситаҳои таълим, аз ҷумла воситаҳои чандрасонаии таълим тавассути усули таҳиякардаи муаллифи мақола ба роҳ монда шуд. Дар таҷриба-озмоиш тамоми принсипҳои дидактикаи муосир мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар мақола танҳо дар мавриди принсипи алоқамандии таълим ба ҳаёт дар раванди омодасозии омӯзгорони оянда дар таҳия ва истифодаи воситаҳои чандрасонаии таълим сухан меравад.Дар мақола усули муқоиса, омор ва таҳлилу хулосабарорӣ авлавият доранд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

принсипи алоқамандии таълим бо ҳаёт, воситаҳои чандрасонаии таълим, омӯзиш, иттилоотикунонии раванди таълим, таҷриба, озмоиш, пурсишнома