ИМКОНИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ САНЪАТИ ОРОИШИИ АМАЛӢ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25.Ибрагимов К.А..pdf)Ибрагимов К.А.ИМКОНИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ САНЪАТИ ОРОИШИИ АМАЛӢ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОН38

 


МУАЛЛИФ: Иброхимов Каримҷон Акпарович, муаллимаи калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақсади мақола муайян намудани имконоти дидактикии санъати ороишии амалӣ дар тарбияи бадеӣ ва эстетикии хонандагон мебошад. Дар мақола аз роҳу усулҳои омузиши таърихи санъат ва адабиёти махсуси илмӣ, муайян намудан ва ҷамъбаст намудани таҷрибаи пешқадами истифодаи принсипҳои эҷодии бадеӣ ва ҳунармандӣ, коркарди омории натиҷаҳои бадеӣ ва эҷодӣ истифода шудааст. Муаллиф қайд мекунад, ки бо рушд ёфтани техника ва технологияҳои замонавии ба иҷрои амалиётҳои ҳунармандӣ алоқаманд, ба таназзули ҳунарҳои мардумии анъанавӣ сабаб гардидаанд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати балад бардоштани тарбияи ахлоқӣ ва эстетики хонандагон муаллими санъати тасвириро зарур аст, ки ҳангоми дарс аз доираи васеи тавсияҳои муаллиф корбарӣ намояд. Сӯҳбат бо ҳунармандони соҳа, омӯхтани асарҳои санъати ороишӣ-амалӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинӣ тарбияи ахлоқӣ ва эстетикии хонандагон мегардад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

санъат, ҳунар, санъати ороишии амалӣ, ҳунарманд, эстетика, санъати тасвирӣ