ФАРҲАНГИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (27.Бобоева И.А.pdf)Бобоева И.АФАРҲАНГИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР38

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Иноят Асроровна, сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Таҳаммулпазирӣ дар замони муосир яке аз мавзуъҳои мубрами тарбия ба ҳисоб рафта, таҳқиқи ин мавзӯъ дар доираи ҳуҷҷатҳои умумибашарӣ ва афкори миллии ниёкон ҷусторҳои ҷадиде дар марҳилаи муайянсозии муҳимтарин заминаҳои таҳаммулпазирӣ хоҳад буд. Мақола ба баррасии масоили сулҳ, адами зӯроварӣ, ҳамзистии мусолиматомез ҳамчун ҷанбаи муҳимми таҳаммулпазирӣ бахшида шуда, муаллиф онро дар такя ба сарчашмаҳои муътамад ва авзои ҷаҳон мавриди боздид қарор додааст. Муаллифи мақола бо такя ба афкори Пешвои миллат кӯшиш намудааст, ки аҳамияти вижаи ташаккули шуури таҳаммулпазирирро барои миллати тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ муайян созад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, принсипҳои таҳаммулпазирӣ, адами зӯроварӣ, ЮНЕСКО, СММ, Пешвои миллат